(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили рӯзи «Созандагони ватан» дар шаҳри ХуҷандСаҳни Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд идгоҳеро мемонд. Садои мусиқии миллӣ аз қабили карнаю сурнай, танбӯру дунбура ва дутор ба фазо мепечид. Ҷавонони зиёде парчами миллӣ ва парчами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даст, зери лаб шеъру оҳанги Ватанпарварона месуруданд. Онсӯтар гурӯҳе аз духтарони ҳунарманд машғули сӯзаниву гулдӯзӣ буданд. Растаҳои ҳунарварони ҷавон аз қабили расмкашиву кулолгарӣ ва дуредгарӣ диққати бинандаро бар худ мекашид.
Гурӯҳе аз меҳмонон, сарварони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и шаҳру навоҳии вилояти Суғд вориди Марказ шуданд.
Шукӯҳу шаҳомати тантанаи идона бахшида ба Рӯзи «Созандагони Ватан» бо ҳузури Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода боз ҳам гарму мунаввартар гардид. Ба истиқболи меҳмонони гиромиқадр аз ҷониби аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шеърҳо дар васфи меҳан, арҷ гузоштан ба қадри сулҳу оштӣ қироат карда шуд.
Меҳмонон ба ҳунари қолинбофону зардӯзон, рассомону кулолгарон баҳои баланд доданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳозиринро бо рӯзҳои таҷлили Рӯзи «Созандагони Ватан» ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишонаи тавваҷӯҳ ва ғамхории давлат ва Ҳукумат ба ин насли ояндасоз мебошад. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» маҳз дар ҳоле созмон ёфт, ки воқеан ҳам қисми зиёди ҷавонони мо дар чорсӯи зиндагӣ кадом самтро пеш мегиранд, худ намедонистанд. Яъне, ба таҳрик овардани афкору шуури ҷавонон дар ҷамъияти кунуниро ҲХДТ пеш ва беш аз ҳама эҳсос карда, зарурати таъсиси ин гуна иттиҳодияро ба миён гузошт. Ва имрӯз ин ниҳоди пурқудрати қаноти ҳизб дар сафҳои худ дар шаҳри Хуҷанд 8200 нафар ҷавононро сарҷамъ намудааст ва нақши онҳо дар пешбурди ҳаёти сиёсии ҷавонон хеле калон аст.
Сарфароз Фаттоҳзода, раиси кумиҷроияи вилоятӣ, ки дар гузашта роҳбарии ҷавонони вилоятро солҳои сол бар ӯҳда дошт, зимни баромади хеш ҷавононро ояндасози миллат унвон карда, саҳми онҳоро дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, пеш бурдани тарзи ҳаёти солим бо баргузории чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, муаррифии кишварамонро дар арсаи байналмилали тавассути дониш ва малакаи худ нек арзёбӣ намуд.
Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд аз робитаи қавии ташкилоти мазкур бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ҳарф зада, таъкид дошт, ки мо ифтихор дорем, ки ҷавонони Хуҷанди бостонӣ дар пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба пешбурди ҷомеа дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқ саҳми босазо доранд ва ба қавле, хиштеро дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мегузоранд. Ҷавонон ба ояндаи дурахшон ва пешрафти кишвари хеш боварӣ доранд ва бо нерӯи созанда ватани худро обод менамоянд.
Бо ибтикори кумиҷроияи шаҳрӣ 20 - нафар ҷавонони фаъоли ҳизб бо Сипоснома ва тӯҳфаи обунаи ройгон ба нашрияи бонуфузи ҳизбӣ - «Минбари халқ» барои соли 2018 сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон хатнасурии ду фарзанди оилаҳои ҷавон низ дар чорабинӣ баргузор гардид. Армуғонҳоро ба ҷавонони саодатманди диёр  дар вазъияти тантанавӣ раиси кумиҷроияи вилоятӣ, раиси шаҳр ва раиси кумиҷроияи шаҳрӣ супориданд.
Дар қисмати фарҳангӣ ровиёни хушсадо таҳти мусиқӣ шеъру таронаҳои марғубро қироат намуда, дилҳоро ба хурӯш оварданд. Ҳофизони мумтоз Бахтиёр Давлатов, Сироҷиддин Худоймерганов, Илёс Очилов, Аъзам Болтубоев ва Юсуф Ҳусейнов  бо сурудаҳои хеш хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...