08 Июл 2013
Бояд қайд намуд, ки ин амали хайру савоб дар асоси дастуру супоришоти Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ба сомон расонида шуд ва он намунаи барҷастаи инсондӯстӣ барои шаҳрвандон, бахусус соҳибкорон дар оғози моҳи шарифи Рамазон мебошад. Зеро, Сардори давлат борҳо зикр намудаанд, ки ғамхориву дастгирии маъюбону пиронсолон қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номус маҳсуб мешавад.
Сокинон баробари гирифтани армуғони идона даст ба дуои нек бардошта, таманнои намуданд, ки оромиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон поянда бошад.