11 Май 2017
Ҳамшаҳриёни арҷманд!
Ҳар кишварро бо фарҳанги қадиму пешрафтааш мешиносанду баҳо медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанги кишвар пайваста рушд ёфта, тамоюл ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, санъату мусиқӣ, эҷодиёти бадеии халқ, ки аз қаъри қарнҳо сарчашма мегирад, торафт бештар мегардад.
Халқи тоҷик бо санъати бойи мусиқии «Шашмақом» машҳури ҷаҳон гардидааст.
Шашмақом дурдонаи фарҳанги мусиқии классикии халқи тоҷик, намунаи баландтарини ангезаи мусиқии миллии тоҷикон мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол Шашмақом ҷойгоҳи шоистаро доро мебошад.
Ин аст, ки соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди санъати воло – Рӯзи Шашмақом таъсис гардид.
Шоҳасари мусиқии халқи тоҷик «Шашмақом» садсолаҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, давоми қарнҳо аз насл ба насл ҳамчун мероси беназир расидааст. Имрӯзҳо низ ансамбли шашмақомхонон дар тарщибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ин санъати бебаҳо хизмати босазо менамоянд.
Ҳамшаҳриён ва тамоми халқи тоҷикро бо Рӯзи «Шашмақом» табрик намуда, барояшон саодати зиндагӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода