(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоиштаБахшида ба 20-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» доир гардид. Дар кори конференсия олимону устодон ва шогирдони донишкада ширкат варзиданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм Турсун Холматов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда зимни баромадаш таъкид дошт, ки санаи 27-июни соли 1997, ки дар баъзе аз минтақаҳои кишварамон ҳанӯз нобасомониҳо идома дошт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани чунин Созишнома дар таърихи навини давлатдории Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоиштаАксарият, махсусан насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ кишварамон ба чӣ рӯйдодҳои мудҳиш рӯ ба рӯ гашта, муттаассифона талафоти зиёде ҳам дод.
Хушбахтона, хиради азалии миллати мо, таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло гирифту дар сартосари Ватан сулҳи бебозгашт омад.
Номзади илмҳои педагогӣ, раиси шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат ва хамдигарфаҳмии ҳалқҳои Тоҷикистон» қайд кард, ки маҳз такя намудан ба хиради азалӣ, даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати бетараф набудан ба воқеаҳои даҳшатбори солҳои навадум, овардани гурезагон ба макони муқимии худ, такя намудан ба арзишҳои дини мубини ислом ва ҳимояи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун дини покиву ахлоқӣ на терроистиву ифротгароӣ, нигоҳи баробар ба миллату халқиятҳое, ки дар кишварамон умр ба сар мебаранд, ба ҷанги бемаънӣ хотима гузошт.
Доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ваҳҳоб Набиев зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ваҳдат- тахкимбахши истиқлолият» таъкид дошт, ки ҷанге, ки дар аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, ҷанги таҳмилӣ ва дар қиёс ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ он хунрезиҳову нобасомониҳо мудҳиштар буд, зеро дар баробари хисроти моливу иқтисодӣ ҷони ҳазорон- ҳазор шаҳрвандонро ҷанги бародаркуш рабуд. Вале ба бахти ин миллати саодатманд тарафҳо ба ҳам омаданд ва таҳти роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи комил ба даст омад ва натиҷаи ин гуфтушуниди муфид, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Бишкек ва кишвари Афғонистон самар овард.
Котиби масъули  Шӯрои ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавлуда Шарипова зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки соли равон аз таъсиси ҳаракати мазкур 20- сол сипарӣ мешавад ва нақши ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар бедорсозии афкор ва шуури сокинон дар мавриди сабақҳои таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле калон аст. Нашри китоб ва даҳҳо мақолаҳо, вохӯриҳои судманд бо сокинон арзиши ин санаи муҳими таърихиро боз ҳам болотар бурд. Имрӯз сокинони кишвар бо шукрона аз тинҷиву осоиштагӣ нақши Сарвари давлатро дар таҳкими сулҳу осоиштагӣ хеле олӣ арзёбӣ мекунанд.
Номзади илмҳои таърих, устоди ДПДТТ Мӯътабар Ғозиева дар мавзӯи «Ваҳдати тоҷикон ва аҳамияти байналхалқии он» суханронӣ намуда, баён дошт, ки вазъи ногувори сиёсии солҳои навадум зарурияти таҳияи тафаккури нави сиёсиро ба вуҷуд овард. Зеро буданд, қувваҳое, ки бо истифода аз фазои холии сиёсӣ манфиатҳои иқтисодиву сиёсиии худро ба сари мардум таҳмил намоянд. Дар он лаҳзаҳои барои миллати мо душвору сангин кишварҳои ба мо дӯст- мисли Русияву Ӯзбекистон, ки тарафдорони сохти конститутсионӣ буданд, кӯмакҳои худро дареғ намедоштанд. Аммо ҷавҳари аслии хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ ин ҳамдигарфаҳмии тамоми сокинони минтақаҳои кишвар буд. Яъне, ваҳдат нишонаи ақлу тафаккури баланди мардуми тоҷик аст.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зимни баромади хеш гуфт, ки  ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар қатори дигар санаҳои таърихии кишварамон барои ҳар яки мо азиз аст. Агар ҳамин сулҳ барпо намешуд, кӣ медонист, ки имрӯз мамлакати мо дар кадом муҳит қарор мегирифт. Аз ин рӯ, ҳар чи қадар мо аз рӯзи барқарорсозии сулҳ дур гардем, ҳамон қадар ба қадри сулҳу осоиштагӣ мерасем. Ба андешаи Наим Маликисломӣ ваҳдати миллӣ-ин афзал донистани  манфиатҳои миллӣ бар  манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ  аст, зеро ҳеҷ як аз манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин нигоҳ, ваҳдати миллӣ омили ҳастии миллат ба шумор меравад.
Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои алоҳида мақолаҳои устодон дар мавзӯи ваҳдат баррасӣ гардиданд.
Бо ҳамин конференсияи илмӣ- амалӣ анҷом ёфт.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии
ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...