18 Апрель 2017
Дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тағироти кадрӣ ба амал омад.
Мувофиқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз санаи 18 апрели соли равон Бобозода Толиб Карим, ки вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷандро иҷро мекард бо тариқи гузариш ба мансаби мудири Шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардида, Раҳим Расулзода Расул, дар ин вазифа кор мекард ба вазифаи мудири Бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин карда шуд.
Ҳамчунин Иброҳим Қаландаров, ки аз соли 2014 чун Директори генералии КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурд ба вазифаи Директори генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд таъин карда шуд.