18 Апрель 2017
Мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз ёдҳои хеш паёматҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро набаровардааст ва ҳар лаҳза аз ин сулҳу амният, ваҳдату дӯстӣ, фаровониву хуррамӣ шукрона намуда ҳама гуна ҳодисаҳои нангине, ки ба ин неъматҳо мухолифат менамояд, сарзаниш месозад. Хушбахтона имрӯз Тоҷикистони азизу маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратманд гардида дар фазои он кабӯтарони сулҳ парвоз доранд, кӯдакон хурсандии кӯдакона доранд, пирони рӯзгордида давлати пирӣ меронанд, ҷавонони саодатманд дар пешрафти Ватани дилоро саҳми хешро мегузоранд, ки ин ҳама фароҳам мегардад дар чаҳорчӯбаи сулҳ, ки Тоҷикистон бо ҷони зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар қурбониён ва дигар оқибатҳои даҳшатбор ба даст овард. Ба ҳамин хотир қадру қиммати сулҳ, Ваҳдати миллӣ хеле гарон аст ва ҳар як нафар фарзанди воқеии Ватан барои ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани ин арзишҳои муқаддас кӯшиш менамояд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 22-юми декабри соли 2016 баргузор гардид, таъкид намуданд, ки Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад. Маҳз ҳамин нукта барои ҷавонон мояи рӯҳбаландӣ гардида онҳоро боз ҳам барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ водор месозад.
Мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин соҳиб шудан ба ҳокимият мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд ҳизби сиёсӣ барномаи худро дошта бошад, ки дар чаҳорчӯбаи қонун амал намуда аз роҳу усулҳои ғайриқонунӣ соҳиб гаштан ба ҳокимият истифода набарад. Ҳамчунин ҳизби сиёсӣ бояд аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ нагардад, аллакай дар чунин ҳолат ҳизби сиёсӣ на манфиатҳои миллат ва ҷомеа балки манфиатҳои хоҷагони маблағгузорро ҳимоя менамояд, ки хилофи низоми қонунгузорӣ мебошад. Маҳз фаъолияти ғайриқонунии ҳизби манъшуда дар Тоҷикистон ҲНИТ дар натиҷаи фаъолиятҳои нодурусти хеш ба мақсад нарасид, зеро бори каҷ то манзил намерасад. Аз расонаҳои хабари борҳо баён гардид, ки ҳизби сиёсии ҲНИТ аз хориҷа маблағгузорӣ мегардад. Дар паи нооромиҳои моҳи сентябри соли 2015 ташкилкунанда ва маблағгузорӣ ин ҳодисаи нохуш ба шумор мераванд. Баъди нокоми роҳбари ҳизб ба хориҷи кишвар фирор намуд. Ҳарчанд, ки дар Ватани мо қарор надошта бошад ҳам роҳбари ҳизби мамнӯъ М.Кабирӣ таъсири бади худро тариқи расонаҳо ба ҷомеаи осоиштаи мо мерасонад, аммо як чиро хотирнишон бояд кард, ки мардум ба қадри тинҷи ва амонӣ расидаанд ва намехоҳанд, ки дубора дар кишварамон оташи ҷанг аланга гирад, ҳеҷ нафар нохалаф сулҳ, субот ва малакати гулгулшукуфони моро, ки фазои ором дорад ноором сохта наметавонад, зеро ба бахти миллати тоҷик Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхор ва пуштибони мардум ҳастанд, инчунин худи мардуми тамаддунофари тоҷик бар муқобили ҳама гуна зуҳуроти нангин, ки фазои кишварамонро ноором созад мубориза мебаранд.
Ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷик
Бобоҷонов Ғ.М.