(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Умри дурӯғ кӯтоҳ астВатани азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми дигари идоракунӣ ба бисёр мушкилоти сахту сангин рӯ ба рӯ шуд.
Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба ӯҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ, тавонистанд барномаи бузурги сулҳофариниро дар амал татбиқ намоянд ва ба ҷаҳониён фарҳанги сулҳофаринии тоҷиконро нишон доданд.
Сарвари давлат дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшида дар дунё давлатеро бо номи Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.
Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон шукрона Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд.
Дар ин ҷо ҳаракатҳои «гурӯҳи 24», намояндагони ҳизби мамнӯъи наҳзат ва ҷонибдорони он мехоҳанд андешаҳои бадкирдоронаи худро баён намоянд.
Оид ба фаъолияти аҳзобҳои сиёсӣ бояд гуфт, ки дар кишвар мувофиқи қонун аҳзоби сиёсие, ки дар асоси меъёрҳои қонунӣ фаъолият мекунанд имрӯз кору амал намуда истодаанд. Мардум нисбати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз рӯи фаъолият ва натиҷаи он барои рушди ҷомеа баҳогузорӣ мекунанд. Инро интихобот ба парлумони кишвар, ки баргузор гардиданд баръало нишон медиҳанд. Аз натиҷаи ин маъракаҳои сиёсӣ рейтинг ё мақоми ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар равшан маълум мегардад.
Дар мусоҳиба бо сармуҳаррири Фарғона Даниил Кислов Кабирӣ зикр мекунад, ки гӯё дар интихоботи соли 2010 ҳизбаш овозҳои зиёд гирифт, ки ин бӯҳтони маҳз мебошад. Зеро раванди гузаронидани интихобот таҳти назорати намояндагони дохилӣ ва хориҷӣ мегузарад, ки ба он дар Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.
ҲНИТ дар асоси пеш бурдани сиёсати ғаразкорона ва зиддидавлатӣ ҳамчун ҳизби таҳрибкорт маън карда шудааст ва ба яке аз гурӯҳҳои террористӣ эълон гардид.
Моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон фаъолияти он дар қаламрави кишвар ҳамчун ҳизби террористӣ манъ карда шуда ва аксарияти роҳбарони он, ки дар ин қазия даст доштанд ба ҳабс гирифта шуданд. Ин ҳол боиси норозигӣ ва баланд гардидани сару садоҳо аз ҷониби сарпарастону хоҷагони хориҷии онҳо аз кишварҳои «демократӣ» гардид, ки онҳо бо ҳар васила хостанд ба сохторҳои давлатии мо фишор оварда, онҳоро ба нақзи «арзишҳои демократӣ» гунаҳкор созанд.
Роҳбари ин ҳизб М.Кабирӣ паёмади иқдомҳои худро дар кори кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки ба нокомӣ анҷомид эҳсос намуда, бо аҳли оилааш ба хориҷи кишвар фирор намуд ва гоҳу ногоҳ бо ҳар баҳонае ҳамчун «коршинос» ҷумҳурии мо ва ниҳодҳои марбутаи онро мавриди танқид қарор медиҳад, ки онҳо аслан бунёде надоранд. Масалан дар ин авохир мусоҳибаи навбатии ӯ бо шабакаи DW(Deutshe Welte) ки дар он ин шахси «сиёсатмадор» авзои кунунии кишвар, муносибати мақомот ба собиқ аъзоёни ҲНИТ ва амсоли инҳоро мавриди таҳлилу баррасии бебунёд қарор додааст. Масалан вай гуфтааст, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз собиқ аъзоёни ин ҳизб бо ҳар баҳона гӯё маблағ меситонанд. Аммо асли воқеа ин аст, ки ҳанӯз пеш аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аксари аъзоёни ин ҳизб дар минтақаҳо ихтиёран ариза навишта аз ин ҳизб рафта буданд ва он дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо бе аъзо монда буд. Эҳтимол яке аз сабаби асосии кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо тарҳрезӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии онҳо аз ҷониби роҳбарони ин ҳизб пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз камнуфуз гардидани ин ҳизб дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи кишвар бошад.
Алҳол, Кабирӣ дар мусоҳибааш бо Кислов зикр мекунад дар яке аз давлатҳои Аврупо буда озодона гаштугузор дорад ва мусоҳиба медиҳад. Ҳол он, ки ӯ бояд аз ҷониби ИНТЕРПОЛ дастгир карда шуда, ба маҳкама кашида шавад. Давлатҳои Аврупоро месазад, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, баҳри аз байн бурдани тероризму экстремизм якҷоя мубориза баранд, вале боиси таассуф аст, ки баръакс ба ин гуна ашхоси ҷинояткор паноҳгоҳ медиҳанд.
Ҳаракатҳои ғайриқонунии ҲНИТ (ҳизби экстремистӣ-террористӣ эълон гардида) ва роҳбари он аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо Назарзода ҳаммаслак будаанд ва барои ноором гардонидани вазъияти босуботу осоиштаи кишвар амалҳои зиддидавлатӣ намудаанд.
Дар мусоҳибааш Кабирӣ шахсонеро, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар ба ҷавобгарӣ кашидааст ба монанди Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва дигар ҳаммаслаконаш ёдрас мегардад. Дар асл ин ашхос шукронаи кишвари озоду обод накарданд ва бо ҳаракатҳои зиддидавлатии худ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба маҳкама кашида шуданд.
Қувваҳои бадхоҳ ҳанӯз ҳам мехоҳанд, ки дастовардҳои беназири кишварамонро дар даврони истиқлолият ноором созанд, зеро дар мусоҳибааш бо сармуҳаррири «Фергана» тариқи skype Кабирӣ дар бораи бунёди коалитсияи нав сухан гуфтааст, ки ин ниятҳои нопоки ӯро дар хориҷи кишвар нишон медиҳад.
Лекин, хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Хамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳамзада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.
Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурӯҳҳои ичтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.
Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрӯз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рӯи ин принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.
Бубинед дар 25 соли соҳибистиқлолӣ корҳое иҷро гардиданд, ки дар 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ иҷро нашуда буданд. Аз ин лиҳоз мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гӯш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди ватандӯстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 01 сентябри соли 2016 дар суханронии худ дар таҷлили «Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил» дар ноҳияи Данғара оқибатҳои фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварро, ки боиси талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида буд ёдрас гардида, аз ҷумла ёдрас намуда буд: «Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд». Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро ҳамаи ононе, ки ин рӯзҳои мудҳишро аз сар гузаронидаанд комилан тасдиқ менамоянд ва аз сиёсати хирадмандонаи ӯ ҳамеша пуштибонӣ намуда, намегузоранд, афроди ҳангомаҷӯй бори дигар фазои орому осоиши Ватани маҳбуби моро, ки Тоҷикистон аст ноором созанд.

Алимов Б.Ҳ.
Мудири кафедраи
муносибатҳои байналхалқӣ
(Дипломатия) ДДҲБСТ

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...