27 Март 2017
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тамошои барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғд ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони этиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди ин кохи муҳташам қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Кохи «Суғдиён», ки соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисобо меравад.
Шуруъ аз рӯзҳои аввали фаъолият дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» ба таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва тамоми намуди рақс таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Натиҷа ҳамин аст, ки бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин муассисаи фарҳангӣ панҷ дастаи ҳунарӣ:- ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба фарҳанг озмун ташкил карда шуда, наврасону ҷавонони соҳибистеъдод аз синни 14 то 27 сола аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба кор қабул гардиданд.
Айни замон дар панҷ ансабли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» 238 нафар, ки бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.
Барномаи мукаммали консертӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин арзёбӣ гардид, аз ҷониби ҳунармандони панҷ ансамбли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» бе истифодаи фонограмма ё худ ба таври зинда манзури иштирокдорон карда шуд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, ки имрӯз маҳорати худро дар бахшҳои овозхонию навозандагӣ ва рақс нишон доданд, баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар рушду нумӯи ояндаи санъати миллӣ ва муосири тоҷик муҳим маънидод намуданд.