24 Март 2017
Дар доираи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо бародаршаҳрҳои худ, ҳайати гурӯҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва аҳли фарҳангу ҳунари шаҳри Хуҷанд ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 21 -23 марти соли равон дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳри Шымкенти Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Ҳайати иштирокдорони танатанаи наврӯзиро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода роҳбарӣ намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 20 март гурӯҳи меҳмонони тоҷикро бо роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон,ки дар ноҳияи Сариағаш ҷойгир аст, муовини раиси Ассамблеяи халқҳои ҚазоқистонМуротали Калмуратов, роҳбарияти ноҳияи мазкур тоҷикони муқими ин маҳалли шаҳри Шымкент бо тантана пешвоз гирифтанд.
Субҳи санаи 21мулоқоти кории ҳайати меҳмонони Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода бо акими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Жансеит Туймебаев баргузор гардид.
Дар оғоз сафири давлати Тоҷикистон ба роҳбари вилояти Қазоқистони ҷанубӣ табрикоти наврӯзӣ ва тӯҳфаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро супорид.
Баъдан ҷонибҳо доири густариши робитаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Шыментро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Беш аз ҳама ҷонибҳо ҳавасмандии худро доири мубодилаи таҷриба ва маҳсулоти хушкмева ва ташкили мағозаи фурӯши маҳсулоти коргоҳи муштараки «САТН» иброз намуданд.
Баъди қисми расмӣ акими шаҳри Шымкент Габидулла Абдурахимов бо муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ҳамчунин роҳбари корхонаи муштараки «САТН» Илҳом Бобоев ва Раиси Раёсати Бонки «Эсхата» Хуршед Носиров мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ин сӯҳбати корӣ бобати нақшаҳои мушаххаси таҳкими робитаи иқтисодӣ ва фарҳангии бародаршаҳрҳои Хуҷанду Шымкент табодули пешниҳод сурат гирифт.