18 Март 2017
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, низомномаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи шаҳр аз санаи 3 то 18 марти соли 2017 дар майдончаҳои сунъи футболи “Боғи Ғалаба” – и маркази вилоят мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд” байни маҳаллаҳо, идораҳо ташкилотҳо ва корхонаҳо бахшида ба Иди байналмиллалии Наврӯз ва “Соли ҷавонон” баргузор гардид. Дар мусобиқа 16 даста ва 240 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Дар натиҷа ҷои якумро дастаи “Шёлкомбинат” ва ҷои дуюм дастаи “Помир” сазовор гардиданд. Ба ғолибон медал, диплом ва Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷандро муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Ақдодов Хуршед ва мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов супориданд.
Ҳамчунин ба дарбозабони беҳтарин Мирхолиқов Ҷаҳонгир аз дастаи “Шолкомбинат”, муҳофизатгари беҳтарин Норқулов Анвар аз дастаи “Помир”, ҳамлагари беҳтарин Ахмедов Ҷасур аз дастаи “Помир”, нишонзани беҳтанрин Ҷалолов Ҳусейн аз дастаи “Маҳаллаи 13”, бозингари беҳтарин Қурбонов Файзиддин аз дастаи “Шолкомбинат” ва ба Раҷабов Аъзам чун довари беҳтарин ифтихорномаю тӯфаҳои хотиравӣ супорида шуд.