18 Март 2017
Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи маорифи шаҳр ва кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни бонувон бахшида ба Соли ҷавонон ва Иди байналмиллалии Наврӯз баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур дар майдончаи варзишии футболи Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашта ҳаводорони зиёди дустдорони ин намуди варзишро ҷамъ намуд.
Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи мазкур 12 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми, литсей ва гимназияҳои шаҳр иштирок менамоянд.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин ҷалб намудани бонувон ба варзиш, алалхусус варзиши намуди футбол, ҳамзамон омода намудани дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиш барои бонувон мебошад.