20 Июн 2013

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо навъҳои гуногуни зардолуро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш баровардаанд. Дар ин ҷо тамоми навъҳои зардолуи тару тоза ва зардолую дигар меваҳои шаҳдбор дар шакли хушк ва консерва ба чашм мерасид.
Хотиррасон бояд намуд, бо дастуру супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна барқарор гардид. Ин аст, ки фаровонии меваю сабзавот дар бозори дохилӣ сол ба сол бештар гардида, нишондодҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ рӯй ба афзоиш овардаанд. То имрӯз дар вилояти Суғд 54 ҳазор тонна зардолуи тару тоза ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳосили пурраи соли 2012 7 ҳазор тонна зиёд аст. Танҳо дар 5 моҳи соли равон беш аз 40 ҳазор тонна зардолуи хушк аз ҳосили солҳои пешин аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содир карда шудааст. Хушксозии ҳосили имсола бошад, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо васеъ ба роҳ монда шудааст.


Дар ин намоишгоҳ, ҳамчунин намунаҳои беҳтарини тамоми навъҳои меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти замбури асал, гулу гулбуттаҳои ороиши хона ва кӯчаю хиёбонҳо ба чашм мерасид. Дар воқеъ ин намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафар сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба ҷашнгоҳи бузурги Иди зардолу табдил ёфт.