17 Январь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Нишасти 147-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дирӯз дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид. Дар он адибону олимон, мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Нахуст дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат – равшангари имрӯзу фардои кишвар” сардори раёсати илм ва иноватсияи ДДҲБСТ, номзади илмҳои филология, дотсент, масъули маҳфил Саидумрон Саидов маърӯза намуда, оид ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди маънавиёти мардум ва рисолати имрӯзиён дар баланд бардоштани мақоми ҷавонон ва бонувон изҳори назар кард. Навгонињои илмиву адабӣ ва фарњангӣ аз ҷониби муаллимаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мунзифа Ёрмирзоева ироа гардид. Маълум гардид, ки дар давоми як моҳи охир силсилаи зиёди китобҳои нав ба табъ расидааст. Яке аз ин китобҳо “Гулчине аз суханҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба бузургдошти забони тоҷикӣ “ мебошад, ки ба эҳтимоми Зафар Сайидзода интишор шудааст. ”Бахшида ба соли ҷавонон аз минбари шоирони ҷавон қаламкашони ҷавон Раҳмиддинзода Тахмина, Робиаи Хуҷандӣ, Раҳматов Салоҳиддин аз чакидаҳои қалами худ дар назди ҳозирин намунаҳо қироат карданд. Зикр гардид, ки минбаъд аҳъори ҷавонони навқалам дар маҳфил мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик номзади илмҳои филология, дотсент, Субҳон Аъзамзод дар мавзӯи “Маҳфилҳои адабӣ ва парвариши завқи суханшиносӣ дар таърихи адабиёти тоҷик” сӯҳбати ҷолиби илмӣ намуд. Ӯ оид ба таърихи мавҷудияти маҳфилҳо дар таърихи адабиёти тоҷик сухан карда дар мавридии анъана ва суннатҳои маҳфилороии гузаштагони босаводи мо маълумот дод. Субҳони Аъзамзод пешниҳод кард, ки зинда кардани баъзе аз анъанаҳо барои рангинтар шудани маҳфили “Ганҷи сухан” судманд хоҳад буд. Номзади илмҳои филология, дотсент Исломҷон Раҳимов ба ҳозирин оид ба санаҳои фархундаи соли 2017 иттилоъ дод. Маълум гардид, ки соли равон дар баробари ҷашнҳои бузурги миллӣ бо санаҳои ҳумоюнии чеҳраҳои маъруфи адабиву фарҳангии дирӯзу имрӯзи кишвар музаййан аст. Дар идомаи маҳфил аъзоёни фаъоли маҳфил, ки ҷашни нимасра доранд адабиётшиносон Мавҷуда Ӯрунова ва Зеварой Бобоева бо ифтихорномаи маҳфил ва ҳадяҳои Раиси вилоят сарфароз гардиданд.Ҳамзамон маърӯзакунадагон ва қаламкашони ҷавон ба тӯҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гаштанд.