17 Январ 2017
Олимпиада дар гимназияи №1 ба номи М. Беҳбудӣ ва МТМУ №5 гузаронида шуда, дар он 937 нафар довталаб ширкат варзида, донишу истеъдоди хешро аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва фанҳои табиию риёзӣ санҷиданд. Ҳайати ҳакамон ба кори ҳар як иштирокчии олимпиада баҳои воқеӣ доданд. Аз теъдоди умумии иштирокчиён беш аз 166 нафар сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии №15,19,21,22,10, мактабҳои хусусии ба номи Пӯлотов, «Ирфон», «Паймони азизон», «Файз», гимназияи №4 ва литсейи хонандагони болаёқат аз ҳама бештар соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гаштанд. Ба ғолибон ифтихорнома ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супорида мешавад.