(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Комбинати овозадори абрешим бо номи Нассоҷи Хуҷанд аз нав эҳё гардидДар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ифтитоҳ ёфт.
Чунонки зикр гардид, ин корхона дар заминаи корхонаи кӯҳнаю фарсудашудаи комбинати абрешими шаҳри Хуҳанд, ки солҳои охир ҳамагӣ бо 5% иқтидори лоиҳавияш кор мекардааст, ба кор дароварда шуд. Ҳоло аз ҷониби ширкати Хуҷанд-Инвест-Коттон якчанд бинои ин корхонаи азим бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Бо 55 миллион сомонӣ 44 адад таҷҳизоти нави муосир харидорӣ шуда, техникаю таҷҳизоти кӯҳна вале коршоям тармиму навсозӣ шудааст.
Бадин тартиб 800 нафар коргарони қаблии корхона, ки дар рухсатии бемуҳлату бемузд қарор доштанд, аз нав ба кор ҷалб шуда, 300 коргари нав низ қабул гардиданд ва шумораи умумии коргарон ба 1100 нафар расид.
Ҳоло ин корхона имкон дорад, ки солона то 4 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр омода намояд. Тибқи нақшаҳои роҳбарияти корхона оянда иқтидори коркарди ин корхона бояд ба 7 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 3 ҳазор нафар расонда мешавад.

Комбинати овозадори абрешим бо номи Нассоҷи Хуҷанд аз нав эҳё гардидМавриди зикри хос аст, ки дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори риштаю матоъ ва дӯхти либосворӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, коркарди пурраи нахи пахта ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар ду корхонаи ширкати Хуҷанд Инвест Коттон, яъне Нассоҷи Хуҷанд ва Неку Хуҷанд иқтидори солонаи коркарди 7 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд аст ва дар ду корхона беш аз 1400 нафар бо кор таъмин гардидаанд.
Дар коргоҳи дӯзандагии корхонаи мазкур дӯхтани либосҳои мактабӣ, низомӣ, корҷомаҳо ва ғайра ба роҳ

Комбинати овозадори абрешим бо номи Нассоҷи Хуҷанд аз нав эҳё гардид

монда шуда, 100 нафар занону духтарон бо кор таъмин гардидаанд.
Либосвории хушсифати ин корхона аз 70 то 100 фоизаш аз нахи пахтаи Тоҷикистон аст, ба талаботи ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ буда, асосан ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.
Дар назди корхонаи Нассоҷи Хуҷанд, ҳамчунин мағозаи фирмавии он кушода шудааст, ки дар он навъҳои сершумори либосвории хушсифати пахтагин бо нархҳои аз маҳсулоти воридотӣ ду баробар арзон ба фурӯш гузошта шудааст. Куртаҳои хушсифати пахтагини мардона, аз ҷумла бо нархи 40-45 сомонӣ пешниҳод мегардад. Нархи ҳамин гуна куртаҳои воридотӣ бошад, на кам аз 140 сомониро ташкил медиҳад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд васеъ истифода карда шавад.
Тавре иттилоъ доданд, роҳбарияти ширкати Хуҷанд Инвест Коттон азм доранд, ки маҳсулоти тайёри худро

Комбинати овозадори абрешим бо номи Нассоҷи Хуҷанд аз нав эҳё гардид

натанҳо ба бозори дохилии Тоҷикистон, балки барои содирот ба хориҷи кишвар низ равона намоянд.
Тавре Директори генералии ширкати Швейпромсервиси шаҳри Маскави Федератсияи Русия Андрей Дубнов иттилоъ дод, имрӯз маҳсулоти ин корхона дар хориҷи кишвар рақобатпазир буда, харидорони зиёд дорад.
Чунонки аён мегардад, коркарди нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ дар партави супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол зиёд гардида, шумораи корхонаҳои нави саноатӣ рӯй ба афзоиш доранд. Танҳо дар вилояти Суғд тайи 5 моҳи соли равон 62 корхонаи нави саноатӣ бо 2 ҳазор ҷойи нави корӣ фаъол гардидааст. То охири соли равон шумораи корхонаҳои нави саноатии вилоят ба 120 ва ҷойҳои нави корӣ ба 5 ҳазор расонда мешавад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...