14 Январ 2017
Нимаи аввали рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони кумитаи маҳаллаҳо роҳбарони сохторҳои масъули ободонӣ, кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, ба истифодабарии манзил, кормандони масъули дастгоҳ дар кӯчаҳои марказии маҳаллаҳои “Мевағул” ва “Дӯстии халқҳо” ҷаласаи кории сайёр намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии масъулини зикргадида аз рафти корҳои тоза намудани ҷӯйборҳои кӯчаҳои ин маҳаллаҳо, ҳамвору омода намудани майдони гулу ниҳолшинонӣ, решакан намудани дарахтони хушкида ошно гардид.
Шариф Шарифзода диққати шахсони масъул ба хусус раисони кумитаҳои маҳаллаҳоро ба ширкати фаъолонаи сокинони маҳал дар корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ, риояи талаботу маърифати шаҳрдорӣ дар биноҳои баландошёна ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд бояд ба корҳои ободу зебогардонӣ ва гулпарварӣ на танҳо дар кӯчаю хиёбонҳои марказӣ балки дар ҳудуди тамоми маҳаллаҳои шаҳр эътибори ҷиддӣ дода шавад.