(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу эзоҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ширкати васеи устодону донишҷўёни донишкада мулоқоти судманд баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода Файз чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт.
Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Гуландом Абилова иштирок ва суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро перомуни Паёми Пешвои миллат ва дастоварду комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баён доштанд. Маҳмадулло Ватанзода оид ба дастовардҳои 25-соли истиқлолияти давлатӣ, аз он ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нав ва истиқлолияти энергетикӣ сухан карда, таъкид намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм, экстремизм ва нашъамандӣ  дода шудааст. Ҳамчунин мавсуф оид ба масъалаи терроризму экстремизм андешаронӣ карда, зикр намуд, ки айни замон дар давлатҳои Сурия ва Ироқ беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва наздик нисфи ин афрод ҳалок гардидаанд. Мо бояд ҳама якдилу якҷон барои сулҳу ваҳдат ва суботу оромии кишвар талош варзида, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ намоем.
Вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дастоварду комёбиҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, нақши парлумони касбиро дар таҳия ва қабули қонунҳо мусбат арзёбӣ кард.
Ҳамчунин дар ин мулоқот директории маркази зоология ва паразитологияи АИ ҶТ Файзалӣ Ҳакимов
ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Гуландом Абилова низ суханронӣ карда, перомуни нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Сипас устодону донишҷўёни донишкада ба меҳмонон саволҳои хешро пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...