(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар партави Паёми ПрезидентБо мақсади шарҳу эзоҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ҳамчунин, вохӯрии интихобкунандагон бо вакили мардумии худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд вохӯрии намояндагони ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сохторҳои илму дин ва сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ» доир гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода аҳли нишастро бо мақсади чорабинӣ ва меҳмонон ошно сохт. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Гуландом Абилова ҳузур доштанд.
Маҳмадулло Ватанзода зимни баромади хеш оид ба дастовардҳои 25 соли истиқлолияти давлатӣ, аз он ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нав ва истиқлолияти энергетикӣ сухан кард. зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм ва эктремизм, нашъамандӣ ва сиёсати «Дарҳои кушод» дода шуд.   Масъалаи мубориза бо коррупсия масъалаи хеле нозук ва айни замон доғи рӯз буда, зимни назарсанҷӣ аз мардум аён гардид, ки кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ соҳиби баҳои бад гаштанд, дар ҷои дуюм мақомоти заминсозӣ қарор гирифтанд. Албатта, масъалаи мазкурро бе ёрии аҳли кишвар ҳал кардан хеле мушки ласт. Бинобар ин, бояд якҷоя бо ин падидаи номатлуб муборизаи беамон бояд бурд. Оид ба масъалаи терроризму экстремизм маърӯзачӣ қайд кард, ки айни замон дар давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ беш аз 1000 нафар шаҳрвандони мо қарор доранд ва наздик нисфи ин афрод кушта ҳам шудаанд. Маҳмадулло Ватанзода доир ба масъалаи сиёсати «Дарҳои кушод» зикр сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди сиёсатро қабул кард, вале дар ин самт онҳо манфиати миллии худро дар ҷои аввал мемонанд.
Вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихобии Хуҷанд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Гулбаҳор Назирӣ низ оид ба масъалаҳои иҷтимоиву сиёсии Паёми навбатии Пешвои миллат ҳарф зад. Аз он ҷумла, баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар, оғоз бахшидан ба сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», татбиқи барномаҳои миллиро ёдовар шуда, гуфт ки баъди ба кор шуруъ кардани агрегатҳои неругоҳи барқи обии «Роғун» халқи тоҷик пурра бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. {одисаи дигари фараҳбахши сол ин қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони милали муттаҳид мебошад. Гулбаҳор Назирӣ таъкид кард, ки Пешвои миллат баробари се ҳадафи асосии кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти миллӣ ва амнияти озуқаворӣ ҳадафи чорумро ном бурд, ки он шуғли пурмаҳсул ном дорад. Татбиқи ин ҳадаф имкон медиҳад, ки мардум бо кор таъмин гашта, масъулони соҳаи бонк вазифадор гаштанд, ки махсусан занонро ба кор қабул намоянд. Барномаи стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул шуд.
Директори маркази зоология ва паразитологияи АИ ҶТ Файзалӣ Ҳакимов зимни суханронӣ  оид ба самтҳои илм ва махсусан тиббӣ дар Паёми навбатӣ ёдовар гашта, зикр сохт, ки Соли 2017- Соли ҷавонон эълон гардид. Аз худ кардани заминҳои кишоварзӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аз ҳама муҳимаш ташхиси маводи доруворӣ дар Паёми Пешвои миллат махсус таъхкид шуд.
Гуландом Абилова низ роҷеъ ба соҳаи маориф сухан карда, маълум сохт, ки то ин дам 201 бинои таълимӣ бунёд гардида, 45 миллиард сомонӣ ба сохаи маориф ҷудо карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин кардани муассисаҳои таълимии кишвар бо омӯзгорони баландихтисос ва бартараф кардани ин масъала то соли 2019 таъкид доштанд. Номбурда аз таълифи китоби дарсии «Конститутсия» ва омӯзиши ин фан дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва баробари он омӯзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ҳарф зад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода низ роҷеъ ба дастгирии ҷавонон сухан карда, гуфт, ки дар даврони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ 13 макотиби олӣ мавҷуд буд, ҳоло бошад ин теъдод ду маротиба афзуда, ба 39 адад расидааст. Барои рушди соҳаи варзиш ҳам чораҳо андешида шуда, 200 муассисаи варзишӣ дар хизмати аҳолӣ қарор дорад. Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз Паёмҳои қаблиашон аз ҳар ҷиҳат, чи аз лиҳози фарҳанги пешниҳод ва чи аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ба куллӣ тафовут дошт. Таҳлилу баррасиҳои амиқ ва зикри далелҳои мӯътамаду асосноки Президент оид ба пешрафту инкишофи муҳимтарин соҳаҳои зиндагии халқ зимни баёни Паём бори дигар умеду итминони моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон қавитар мегардонанд. Дар Паём оид ба дастгирии соҳаи сайёҳӣ, аз андоз озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият, ҳамчунин, дастгирии соҳибкороне, ки бо истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғуланд,  алоҳида зикр гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштироккунандагон ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Назирӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадулло Ватанзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода оид ба масъалаҳои аз андози хона озод кардани оилаҳое, ки фарзандашон дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат мекунанд, таъмин шудани шахсон бо пардохти иҷтимоӣ пас аз фавт, таъсис додани Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд ва амсоли инҳо суол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...