07 Январ 2017

Имрӯз бо роҳбарӣ ва ширкати бевоситаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шахри Хуҷанд бо мақсади иҷроши супориши Раиси шаҳри Хуҷанд ва баргузории Аксияи ҷумхуриявии 75 – рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» дар ҳамаи муассисаьои варзишии шахри Хуҷанд маъракаи ободонӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.

Ҳамчнин дар доираи Аксияи ҷумхуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» ҳамчунин бахшида ба эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон, зиёда аз 50 дона дарахти хамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд тасмим дорад, дар мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар тамоми муассисаҳои варзишӣ корҳои ободонӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои сояафканро идома диҳад.