05 Январ 2017

Сараввал, мутахассиси пешбари шӯъбаи робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоятМирзотоҳир Набиев доир ба моҳияти об, ки боиси зиндагии хуррам, ояндаи ободу осудаи халқ, маъхази нуру асоси беҳбудиҳо мебошад, сухан кард. Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки дар арсаи байналхалқӣ роҳандозӣ гардидани иқдоми наву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», аз ҷониби 196 давлат ва СММ дастгирӣ ёфтани он мазҳари ифтихору сазовори тарғиб аст.
Прокурори калони шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд, мушовири дараҷаи дуюм Донохон Ҷӯраева дар заминаи Паёми Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси навини фарзанди фарзонаи миллат вобаста ба амали байналмилалии об барои рушди устувор маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд.
Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҳабибулло Тоатов дар мавзӯи «Аҳамияти таърихӣва сиёсии иқдоми Пешвои миллат доир ба масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ Самад Болтуев дар пайванд ба нуктаҳои ҳуқуқии истифодаи об - ҳамчун омили рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ маърӯзаи илмӣ намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баргузории чунин ҳамоиши бонуфузро дар донишгоҳ пурсамар арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки рӯй овардан ба дастовардҳо ва муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта шароити мусоидеро барои табодули афкору таҷриба фароҳам меорад.
Шӯъбаи таҳлил ва
робита бо ҷомеи ДДҲБСТ