03 Январ 2017

Сокинони маркази вилоят бо истифода аз имкони мавҷуда ҳамарӯза ба тамошои намоишномаҳо меомаданд. Дар ин саҳнаи назди арчаи солинавӣ баробари донишҷӯён, ҳунармандони касбӣ, ҳамчунин соҳибистеъдодҳои нав низ, баромад намуданд, ки ин саҳна барои камол ёфтани онхо дар оянда як заминаи воқеӣ мегузорад.
Чорабинии ҷамъбастӣ бегоҳи санаи 31 декабр бо иштироки роҳбарияти шаҳр баргузор шуд. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода иштирок намуда, табрикоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд. Ҳамчунин худи ҳамин рӯз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 16-нафар фаъолони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳрро бо диплом ва мукофоти рамзӣ қадрдонӣ намуд.
Ин чорабинии солинавӣ бо намоишҳои рангин ба анҷом расида, ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуданд. Ҳамин тавр ҷои аввалро дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ишғол намуданд. Ҷои дуюм насиби дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дониста шуда, ғолибон соҳиби тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд. Ҳамчунин барои иштироки фаъол дастаи ДДХ, ДДҲБСТ ва коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз бо дипломҳо сарфароз гардонида шуд.
Маркази иттилооти Дастгоҳи
Раиси шаҳри Хуҷанд