30 Декабр 2016

Муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ дар шахсияти Мукаррамхон Бузурукова суханони самимӣ иброз дошта, табрикоти Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Сипас филми мустанад доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин накӯном намоиш дода шуд. Шоири Халқии Тоҷикистон, раиси шуъбаи иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳмадзод аз фазилати офаридгоҳ будани зан сухан карда, дар бобати тарбиятгари аҳли башар будани зан қиссаҳо гуфт. Намояндагони Ассотсиатсияи занони соҳибкори вилоят Шаҳноза Мирзобаҳодурова ва Муҳаббат Нозимова, зани фаъол Шуҷоат Ҳасанова, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фирӯза Раҳимова, пайвандон Башорат Осимова ва набераи соҳибҷашн Нодирахон аз меҳрубонӣ, хушгуфторӣ, одамдӯстӣ ва хислатҳои наҷиби Мукаррамхон Бузурукова ҳарф заданду дар ҳаққаш сухани дил рӯ карданд ва бонуи фариштахӯро гулборон карданд.