17 Июн 2013
Дар чорабинӣ директорони мактабҳои шаҳри Душанбе, намояндагони китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ва омӯзгорони макотиби миёнаву олии шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Дар қисми аввали конфронс хонандагони гимназия доир ба раванди имзошавии Созишномаи истиқрори сулҳ ва талошу азми мардуми Тоҷикистон дар ин марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ баромад намуданд.
Тариқи проектор нутқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокирот бо мухолифин ва натиҷаву самараи ин гуфтушуниди тӯлонӣ шунавонида шуд.
Корманди гимназия, иштирокчии ҷанги байналмилал Т.Ғафурҷонов оид ба Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон сухан намуд.
Хонандаи синфи 9 Таҳмина Зокирова бо лоиҳаи худ, ки барои гирифтани дипломи DSD, дараҷаи В1 дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори варзида» омода карда буд, дар назди ҳозирин бо забони немисӣ баромад кард.
Қисми дуюм бевосита бо намоиши филми ҳуҷҷатӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Атахон Сайфуллоев оғоз гардид.
Сипас, А.Сайфуллоев бо суханҳои оташини худ маҳфилро боз ҳам гармтар намуд. Дар рафти сӯҳбат мавсуф китоби Ё.В.Гётеро нишон дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки бесабаб Саидумархон Каримов (руҳаш шод бод) гимназияро ба номи ин аллома номгузорӣ накарда буд, зеро Гёте ба адабиёти халқи тоҷик меҳри хосае дорад ва танҳо ном гирифтани девони машҳури «Девони шарқиву ғарбӣ»-и ӯ кофист, ки то чӣ андоза ба адабиёти мо эҳтиром гузоштааст. Баъдан устод китоби тозаэҷоди худ «Гулшакар»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, онро бо эҳтироми бузург ба китобхонаи гимназия тӯҳфа намуд.
Дар фарҷом директори гимназия Ф.Каримова баромад карда, устодро бо ин ҷашни фархунда шодбош намуд.
М.Шарифова-ҷонишини сарвар оид ба корҳои тарбиявӣ, М.Муҳиддинова-омӯзгори фанни забони давлатӣ, Н.Ҳамдамова - омӯзгори суруд ва мусиқӣ дар хубу хотирмон гузаштани конфронс саҳми назаррас гузоштанд.