09 Ноябр 2016
Субҳи имрӯз дар Тарабхонаи «Мирзоҳабиб»-и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкори маҳаллӣ Мирзоғафур Шаидов хатнатӯйии хайриявии 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд баргузор гардид.
Дар ин туйи суннатӣ ва рӯзи хурсандии кӯдакон Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода иштирок намуда, волидайни онҳоро бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки мақомоти шаҳрдорӣ ва соҳибкорону сокинони шаҳр ташаббусу сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дар пайравӣ аз ин сиёсат амалҳои некро анҷом медиҳанд. Ба тамоми кӯдакон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд либосҳои миллии тӯёна, аробачаи кӯдакона ва кӯмаки яквақтинаи пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳунарнамоии санъаткорони шаҳр ба ин базм шаҳомати хоса бахшид.