14 Июн 2013
Дар кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботию интихоботии ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнати кумитаи маҳаллаи мазкур баргузор гардид. Дар он раиси кумитаи маҳалла Мухторҷон Шарифов, ҷонишини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Ҳошимҷон Осимов, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, ҷанговарони интернатсионалист иштирок карданд.
Маълум кард, ки ба ин ташкилот 37 нафар собиқадорони меҳнат, 5 нафар ҷанговарони байналмилал, 3 нафар ветеранҳои ақибгоҳ, 3 нафар гирандагони нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар муҳофизони сохти конститутсионӣ ва 2 нафар роҳбарони ташкилот ва муассисаҳо шомиланд. Дар давраи ҳисоботӣ 9 маротиба бо аъзои ташкилот ҷаласа доир карда, дар он қарорҳои ҳукуматҳои вилоят ва шаҳр, аризаҳои сокинони маҳалларо омӯхта, барои ҳалли мушкилиҳо тадбирҳо андешида шуданд. Дар музокира сокинони маҳалла Мақсудҷон Каримов, Турсунҷон Қодиров, Отуной Темирова, раиси кумитаи маҳалла Мухторҷон Шарифов ва чанде дигарон иштирок карданд. Дар охир 7 нафар собиқадорон ба узвияти ташкилот пазируфта шуданд. Ба раисии ташкилот аз нав Ҳакимҷон Аҳмадов интихоб шуд.