28 Сентябр 2016
Фаъолияти маркази иттилоотӣ барои тарғиби ташвиқи ҳунару суннатҳои миллӣ, фурӯши маводи армуғонӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ, пешниҳоди маълумот доири мавзеҳои туристии вилоят ва кишвар инчунин кӯмаки амалию методӣ барои роҳбаладони ширкатҳои турстӣ дастури иттилоотӣ ва методӣ пешбинӣ гаштааст. Қабл аз оғози қисмати фарҳангӣ бошад сардори сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зариф Мирдадо табрикоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи хозирин расонид.
Муовини Раиси шаҳр Умедахон Муродӣ низ дар навбати худ оиди дастовардҳои соҳаи туризм дар шаҳр қайд намуда ҳозиринро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда ба ширкатҳои туристии "Спутник", "Олами сайёхат", "Согдина трейд" ва Суғдиён Помир тур" барои иштироки фаъолонашон дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома қадрдонӣ намуд. Дар охир барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби Бахши фарҳанг барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд. Лозим ба қайд аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 4000 нафар ҷавонону сокинон ва меҳмонони маркази вилоят иштирок намуданд.
Қабл аз оғозии қисмати фарҳангӣ