11 Июн 2013
Кӯдакон ояндаи моянд ва бо хандаву ҳунарҳои зебои худ зиндагиро бароямон хуррам месозанд. Чеҳраи шоди онҳо дилҳоямонро тасхир сохта, моро аз нав ба олами тифливу наврасӣ мебарад. Даме мушкилоту камбудиҳои рӯзгорро фаромӯш карда, мафтуни наuмаҳои базебу дилкаши онҳо мешавем.
Ҳайати ҳакамон мӯшикофона ба ҳар баромади тифлакони хандонрӯй баҳо дода, ҷои аввалро ба тарбиятгирандаи кӯдакистони №12-уми шаҳри Хуҷанд Шукрона Шодиева лоиқ донист. Ҷои дуюм насиби Холдуна Иҷромова аз кӯдакистони №2-юми шаҳри Қайроққум ва Шаҳзода Маҳкамова аз кӯдакистони №1-уми шаҳри Конибодом гардид.
Ҳамзамон, ба ҷои сеюм Иззатой Ниёзова аз кӯдакистони №7-уми ноҳияи Б.Fафуров ва Зулфия Иномова аз кӯдакистони №42-уми шаҳри Исфара муяссар шуданд.
Озмуни вилоятии «Fунчаҳои истиқлол» собит сохт, ки кӯдакони мо дорои маҳорату малакаи кофӣ буда, ҳар барномаи омӯзондаи мураббиёнро бо тезӣ аз бар менамоянд.