14 Сентябрь 2016
Недоступен ни однин перевод.
Бо ифтитоҳи чунин як даргоҳи фарҳангӣ сардори давлат ба 25 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таввалуд супорид.
Ҳамчунин ба волидони сегоникҳо Набиев Мутаалибҷон ва Набиева Мағфират калиди хонаи се ҳуҷрага тақдим карда шуд.
Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда сохтмонаш моҳи феврали соли 2016 оғоз гардида, дар тӯли 8 моҳ ба пураги сохта ба истифода дода шуд.
Қисмати бино барои Ансамбли рақсии «Зебо» - толори бо шароити зарурии тамрин бунёд ёфтааст. Хобгоҳ барои писарбачагон ва духтарон бо 80 кат ва хуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Толори намоиш ва гузаронидани маҳфилҳо, консертҳо ва дигар вохӯриҳо барои 700 ҷойи нишаст, бо ороиши усули меъморӣ ва санъати миллӣ сохта шудааст.
Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосӣ вилоят буда, пудратчии асосӣ ширкати сохтмонии ҶДММ «Евростройсервис» мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит кормандони ин даргоҳро зарураст аст, ки пайваста баҳри тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масоили ватандустиву меҳанпарастиро бештар аз пештара тарғиб намуда баҳри мардуми минтақа хидмати одилонаро анҷом диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави хуштарҳу замонавии мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.







