08 Июн 2013
Имрӯз Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ба корҳои мумфаршкунии қариб 10 километр роҳи дохилии шаҳри Хуҷанд, ки аз микроноҳияи 3 то 19 ва сипас микроноҳияи 28-умро фаро мегирад, ҳусни оғоз бахшид.
Раиси вилоят корҳои мумфаршкуниро рӯйдоди наҷибе барои ободӣ ва беҳтар шудани шароити зисти сокинон арзёбӣ кард.
Қоҳир Расулзода ҳамзамон, изҳор дошт, ки ”бунёди роҳҳои мошингарди мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлат дар ояндаи наздик ба шумор меравад. Зеро ин иқдом дар шароити инкишофи равобити иқтисодии минтақавӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.”
Ба таъкиди Раиси вилоят дар ду-се соли охир роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ асфалтпӯш карда шудаанд ва соли ҷорӣ кӯчаҳои асосии марказҳои ноҳияҳои Ашту Ғончӣ ва Мастчоҳ низ бо харҷи қариб 40 миллион сомонӣ мумфарш карда мешавад.
Мумфаршкунии роҳи дохилии Хуҷанд низ идомаи чунин корҳои ободониву созандагӣ аст ва барои анҷоми корҳо аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Фармоишгари корҳои таҷдиду тармим ва мумфаршкунии роҳҳо Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он ширкати роҳсозии “Сомон-роҳсоз” мебошад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки алҳол дар Тоҷикистон 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,8 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва давоми солҳои наздик ба анҷом расидани як қатор лоиҳаҳо дар назар аст, ки дар натиҷа 1650 километр роҳҳо, 15 километр нақб ва зиёда аз 100 пулҳо таҷдид ва сохта мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд