30 Август 2016

Дар расми бо тантанаи ба истифода дода шудани ин бинои нав Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуданд.
Бинои баландошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шӯҳрат Юлдошов бунёд ёфтааст. Бинои мазкур аз 13 ошёна иборат буда, дар қабати аввал ва дуввуми он маркази савдо ҷойгир карда шудааст. Баробари буридани лентаи рамзӣ ва шиносоӣ бо иншооти мазкур Раиси вилоят дар фазои тантанавӣ ба як оилаи ниёзманд хонаи дуҳуҷрадорро тақдим намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин оилаи ҷавон бояд давоми як сол аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ озод карда шавад. Оилаи ҷавон, ки нав соҳиби манзили зист гардидааст аз чунин таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар арзи хушҳолӣ кард ва ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ниёзмандон миннатдории самимии худро баён дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии бинои баландошёна соли 2013 оғоз ёфта, барои анҷоми он беш аз 7 миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Корҳои пудратӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии Бинокор бунёдгар ба сомон расонида шуда, ҳангоми рафти сохтмон 200 нафар сокинон бо ҷои кории доимӣ таъмин гаштаанд. Бинои мазкур дорои 54 хонаи истиқоматӣ буда, хонаҳо аз 2-3 ва 4 ҳуҷра иборат мебошад. Ҳар як метри мураббаи хонаҳои истиқоматӣ бо арзиши 3,5 ҳазор сомонӣ пешниҳоди сокинон гардонида шудааст.
Зимнан Раиси вилоят ба анҷоми корҳо баҳои баланд дода, соҳибкорро барои дар оянда низ саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуд. Дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати соҳибкорон ва фароҳам овардани як қатор имтиёз ба онҳо имкон медиҳад, ки соҳибкорон дар тамоми кӯшаву канори кишвар корҳои ободониро вусъат бахшанд.
