(0 овоз, миёна 0 аз 5)


Мулоқоти навбатии Раиси шаҳр бо сокинонМулоқоти навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар маҷлисгоҳи МТМУ №23 бо сокинони кумитаи маҳаллаи «Мевағул» барпо гардид.
Чун анъана шаҳрдор нахуст ҳозиринро аз нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр  ва вазъи кунунии маҳаллаи 12-уми шаҳр шинос кард. Бино ба гуфти мири шаҳр ин микроноҳия аз сернуфустарин минтақаи маркази вилоят буда, дар он 18 ҳазор нафар аҳолӣ дар 4 ҳазору 866 оила ва 63 бинои баландошёна истиқомат мекунанд, ки 10- фисади аҳолии шаҳрро ташкил медиҳад. Дар ин маҳалла 5 кӯдкистону 3 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 тӯйхона амал мекунад. Ӯ гуфт, ки сохтмони ин микроноҳия ба солҳои 80-уми қарни гузашта рост меояд. Аз он, ки тибқи нақшаи меъморӣ ин маҳал бо тарзу усулҳои нави меъморӣ бунёд ёфта буд, аксар орзу мекарданд, ки аз ин маҳалла соҳиби хона шаванд.

-Субҳи имрӯз ман микроноҳияро давр задам,-гуфт Шарифзода Шариф Файз,- дидам, ки корҳои ободонӣ хеле зиёд ба ҷо оварда шудаанд, аммо, дар қиёс бо минтақаи соҳили чапи шаҳр он хеле кам аст.
Раиси шаҳр барои исботи гуфтаҳояш мисол овард, ки дар маҳаллаи ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳр 15 ҳазор мукаабметр кӯча мумфарш шудаасту дар ин маҳалла ҳамагӣ 2,95 ҳаз.мукаабметр. Ӯ аз иштироки худи аҳолӣ ёдовар шуда, гуфт, ки айни ҳол дар корҳои ободонӣ «50 бар 50» ба ҳукми анъана даромадаст, ки ин фоли нек аст. Яъне, маблағгузории корҳо 50% аз ҳисоби буҷету 50% аз ҷониби аҳолӣ, хусусан соҳибкорон сурат мегирад. Мутаассифона, ин амали хайр дар ин минтақаи шаҳр ба назар намерасад.
Шарифзода Шариф Файз нисбати чанде аз камбудиҳо эроди ҷиддӣ гирифт. Хусусан, беназорат мондани  баъзе аз мавеҳои маҳалла, майдончаи назди биноро «мангирифт» кардани аҳолӣ, ноободӣ дар боғчаҳои бачагонаи №№31-32, нобасомониҳо дар қафои масҷиди ҷомеъи «Тақво» зери тозиёнаи танқиди сахт гирифта шуд, ки шаҳрдор масъулонро вазифадор кард, то ки нисбати ислоҳи камбудиҳо чораҷӯӣ намоянд.
Дар қисмати арзу дархости аҳолӣ маълум гардид, ки дар ин маҳалла низ муаммои асосӣ норасоии оби полезист, ки бинобар камчинии он дарахтон   ба майдони  холӣ табдил ёфтаанд. Дар ин бора раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати маҳалла Муззам Маҳмудов сухан кард. Роҳбарияти «Хуҷандобуканал» муаззаф гардид, то масъаларо дар мӯҳлати 1 ҳафта ҳаллу фасл намояд. Тибқи дастури шаҳрдор пардохти ҳаққи оби истифодашуда «50 бар 50» хоҳад шуд. Аниқтараш, 50 фисади маблағ аз ҳисоби аҳолвиу 50 фисади боқимонда аз ҳисоби буҷет пардохта мешавад.
Дархости сокини маҳалла, собиқадори мақомоти амнияти миллӣ ва ҷанги Афғонистон Амонулло Абдуллоев оид ба мавҷуд набудани чойхона дар микроноҳия буд Ҳалли ин масъала дар асоси дастуру супориши раиси шаҳр ин тавр бояд сурат гирад. Дар микроноҳия чанде аз иншоотҳои хусусӣ шуда, солҳост, ки бекор истодаанд. Ба шӯъби амволи давлатии шаҳр дастур шуд, ки кадом аз иншооте, ки зиёда аз 3 сол инҷониб истифода нашудааст, қарори хусусигардониаш бекор ва барои ташкили чойхона қарор нав ба тасиб расонида шавад. Ё ин ки, чойхона аз ҳисоби худи аҳолӣ дар назди кумитаи маҳалла сохта шавад.
Мулоқотро раиси шаҳр бо баёни фикру мулоҳизаҳояш ҳусни хотима бахшид ва якчанд нафар сокинонро,  ки  бо масъалаҳои шахсиашон ба мири шаҳр муроҷиат карданӣ буданд, дар алоҳидагӣ қабул кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...