22 Июл 2016
Мусобиқа бо иштироки шумораи зиёди мухлисон ва ҳаводорони ин намуди варзиш баргузор гашт.
Байни духтарон аз рӯи нишондоди натиҷаҳои мусобиқа мақоми теннисбози беҳтаринро Сабрина Муродӣ соҳиб гашта, Меҳрона Ҳакимова ва Мадина Юлдошова ҷойҳои ифтихории дуюму сеюмро соҳиб гаштанд. Байни ҷавонписарон бошад Далерзода Муҳаммадазим тамоми ҳарифони худро мағлуб намуда, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Ҷойҳои баъдинаи ифтихориро Эраҷ Холиқов ва Сӯҳроб Замирӣ ба даст оварданд. Ба ғолибон дар анҷоми мусобиқа бо тантана медал ва ифтихорномаҳо супорида шуд.