(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гузашти айёмДирӯз бойониамро варақгардон кунам, ин сурат пайдо шуд. Ва тамошои он хотироти маро ба солҳои вазнини 90-уми қарни гузашта бурд. Он солҳо камина дар шӯъбаи «Ҳаёти Советҳо»-и рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба сифати мухбири шӯъба- масъули инъикоси ҳаёти ҷавонон бо ҳамроҳиии  устоди зиндаёд, муаррихи маъруфи тоҷик Ҳасанбой Шарифов кор мекардам. Дар ин сурат як лаҳзаи таърихӣ акс ёфтааст. Моҳи майи соли 1993 роҳбари Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев ба Хуҷанд омада дар идораи рӯзнома оид ба вазъи сиёсии кишвар бо журналистони расонаҳои хабариии ватанию хориҷӣ мусоҳиба ороста буд. Суратгири зиндаёд Шариф Мамадҷонов ин лаҳзаро аккосӣ карда ба ман низ як сурат дода буд.
Шӯъбаи моро он шабу рӯзҳо шӯъбаи сиёсӣ ҳам гӯем хато намешуд. Зеро, робитаи кории мо бо Ҳукумати вилоят  сахт қавӣ ва тақозои вазифа бо ҳар гуна масъалҳои мубрами онвақтаина сару кордор мешудем. Хуб дар ёд дорам,он солҳо  шӯъба як андоза ба ситоди баррасии вазъи сиёсиву иқтисодиии ҷумҳурӣ табдил ёфта буд. Роҳбарони дирӯзаи водии Вахши ҷангзада, ки аксар мардуми Хуҷанд буданд, барои кӯмак расонидан бо маводи хӯрока тавассути рӯзномаи вилоятӣ ба одамони хайрхоҳу савобҷӯй ва ташиклоту идораҳо муроҷиат мекарданд. Гурӯҳи намояндагони вилояти Хатлонро он шабу рӯзҳо собиқ котиби аввали комитети партиявии ноҳияи Колхозободи вилояти Қӯрғонтеппа Темур Дадобоев  сарварӣ мекард.
Ба Хуҷанди бостон оташи ҷанги бародаркуш нарасида бошад ҳам, аммо, таъсири он дар шакли навбатпоиҳои нон, гуруснагиву бедодгариҳои гурӯҳи ҷинояткорон расида буд. Аммо, ба ин нигоҳ накарда, мардуми ҳимматбаланду саховатманди Хуҷанд бародарони ҷануби худро танҳо нагузошт. Баръакс як лаб нони худро бо ҳам медиданд. Хуб дар ёд дорам, ки кӯмакҳои моддии зиёде дар шакли маводи ғиззоӣ, хусусан гандуму орд ва пӯшока карда мешуд, ки агар нашрияҳои маҳаллӣ аз ҷумла рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» дар он солҳоро варақ занем, гузоришҳои зиёдеро мутолиа кардан мумкин аст.
Худи намояндаи вилояти Хатлон оид ба кӯмаки башардӯстона Темур Дадобоев дар хотираҳои худ менависад, ки «баробари дигар шаҳру навоҳии вилояти Ленинобод, он шабу рӯзҳо мардуми ҳимматбаланди Хуҷанд ба ғайр аз сару либос ва пӯшока ба маблағи 1097653 рубл кӯмак намуданд».
Зимни омӯзиши мавзӯъ мо аз саҳифаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» телеграммаи миннатдории раиси комиҷроияи ноҳияи Вахш Ф.Қувватовро дар шумори 149-ум аз 15 октябри соли 1992 ба чунин мазмун дарёфтем: «Дар лаҳзаҳои мушкил хайрияи фиристодаи хуҷандиён ба ноҳияи дар муҳосира мондаи Вахш расид. Вақте  ордро ба ноҳия оварданд,ки дар заводи нонпазӣ як кило ҳам орд намонда буд. Падару модарон, хонандагони шаҳри Хуҷанд ба мардуми азияткашидаи ноҳия сару либос фиристоданд. Бо мақсади шифобахшии ярадорон одамони неки шаҳри Хуҷанд дорую дармон равон карданд.
Дӯстони қадрдони хуҷандӣ! Мо ин некии Шумор ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Дар ин рӯзҳои сахт фаҳмидем, ки мо мисли Шумо хуҷандиён дӯстони ба ҷону дил баробар доштем. Ба раиси комиҷроияи шаҳр Абдуғанӣ Абдуллоҷонов ва корманди масъули комиҷроияи шаҳр Ғафурҷон Ғаффоров барои некиҳояшон ташаккур баён менамоем.
Шоду саломат, обрӯманду сарбланд бошанд, мардуми ҳимматбаланди Хуҷанди бостонӣ!»
Воқеан ҳам, он шабу рӯзҳо Хуҷанд на танҳо маъвои умеду орзуҳои худи шаҳриёну ҳамдиёрони вахшонзаминаш балки ҳамсояноҳияҳо буд. Хусусан, нисбати дарёфти нон бошандагони деҳаҳои наздишаҳрии ноҳияи Б.Ғафуров-Пуличуқуру Рӯмон, Шайхибурҳону Кулангир ва ҳатто Унҷӣ омада аз мағозаҳои шаҳр дар навбат истода нон мегирифтанд.
Аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари МТМУ №23 Маъруфшех Холшехов аз он рӯзҳои вазнини зиндагии худу ҳамдеҳагонаш ёд оварда чунин гуфт:
-Тирмоҳи соли 1993 шароит ба андозае вазнин шуд, ки ноилоҷ ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардем, ҳарчанд дар ноҳия зиндагӣ кунем ҳам. Шахсан ба қабули муовини раиси шаҳр Фатҳулло Муҳиддинов даромада гуфтам:
-Мо аз маркази маъмурии ноҳия дар масофаи 30 км дур зиндагӣ мекунем. Тамоми кору бору зиндагимон аз шаҳр аст. Бинобар ин ҳам, агар шаҳр ба мардуми деҳа кӯмак накунад, мардум аз гуруснагӣ мемурад. Дигар илоҷ нест…
Худо хайри эшонро диҳад, ки ба заводи нонпазии шаҳр занг зада дастур доданд, ки ҳамарӯза барои аҳолии камбизоати деҳаи Шайхибурҳон 400 буханка нон ҷудо карда шавад. Ва мо онро ҳарӯз аз мағозаи нони маҳаллаи Гулистони шаҳр мегирфтем.
Ниҳоятан рӯзи саодат ва пирӯзӣ расид. Санаи 27-июн дар шаҳри Маскав аз ҷониби Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат ва сарвари нерӯҳои оппозитсионии тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ба имзо расид. Шодиву нишоти мардум оғоз дошту анҷом не. Ҳама аҳсант мехонданд ба Пешвои миллат, ки ниҳоятан вай ба қавли дар Иҷлоисияи тақдирсоз додааш вафо кард. Ба хонадони тоҷик Сулҳ овард.
Ман дӯхтаи рӯзномаҳои вилоятиву шаҳриамонро варақгардон карда бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки мардуми азияткашидаи тоҷик аз ҷумла хуҷандшаҳри мо ташнаи Сулҳу Ваҳдати миллӣ буданд.  Раиси навтаъини шаҳр Абдувалӣ Комилов, ки аз фаъолияти шаҳрдориаш ҳамагӣ 10 рӯз сипарӣ шуда буд, дар мақолаи идонаи хеш «Ваҳдат-мароми мо» (Тирози ҷаҳон» №50, аз 27 июни соли 1997) чунин менависад: акнун фурсате расид, ки ҳар яки мо қабл аз ҳама вазъи сиёсии кишварро хуб дарк кард тавонем ва мавқеамон майян бошад: бо кадом роҳ пеш меравем, бо роҳе, ки ҳамин рӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мо нишон медиҳад, яъне роҳ ба сӯи ҷмъияти демократии дунявӣ ё роҳ ба ҷамъияти капиталистӣ ва ё давлати исломӣ?».
Адиби варзида Аъзам Сидқии зиндаёд аз фарорасии Сулҳу Ваҳдат илҳом гирифта, дар шеъри худ «Дуои оштӣ» менигоранд:

Аз сари ҳар қулла метобад шуои оштӣ,
Дар фазои хонадон файзу сафои оштӣ.
Дидаҳо аз шодӣ равшан гавҳарфишонӣ кунанд,
Дасти пирон бин кушода бар дуои оштӣ.

Дар қаламрави шаҳр бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаҳои 27-28 июн чорабиниҳои калони идона аз ҷумла митинг дар назди муҷссамаи Шайх Камоли Хуҷандӣ баргузор карда шуд. Нашрияи «Тирози ҷаҳон» ба ин муносибат пайвандсаҳифаро таҳти унвони «Тоҷикистонро дигар қисмат макун» аз чоп баровардааст, ки дар он шахсиятҳои маъруфи шаҳрамон аз ҷумла Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, котиби аввали ҲК шаҳр ӯктамҷон Норматов, муаррихон Усмонҷон Ғаффорову Абдҷалил Бобокалонов, раиси ҷамъияти каресҳои вилоят Ефим Ли, раиси ҷамъияти ӯзбекони вилоят Валиҷон Ҷалилов ба имзо расидани Созишномаи истиқрори Сулҳ ва Ваҳдати миллиро муборкбод мегуфтанд ва онро фоли нек ҳисобиданд.
Инак, аз он рӯзҳо 19 сол сипарӣ шуданд.Он рӯйдоду воқеаҳо ба ҳукми таърих рафт. Аммо, дар дили мардум аз он рӯзҳои  пурэҳтирос дарду доғҳои зиёд ва ҳамзамон хотираҳои нек аз дастгириву пуштибониҳо боқӣ монд.

Мирзоаъзам Мақсудов,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Дар сурат: (аз рост ба чап) роҳбари Фронти халқии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев бо журналистони рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» Исроилҷон Исмоилов, Ҳасанбой Шарифов, Тавҳида Ҷӯраева ва муаллиф вазъияти муташанниҷи пойтахтро дар он шабу рӯзҳо нақл мекунад.
Сурат аз бойгонии муаллиф

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...