20 Июн 2016

Назар ба маълумоти ҳавзаи интихоботии мазкур аз субҳи барвақт дар ҳамаи 14 участкаи овоздиҳӣ комиссия ба кор шурӯъ намуда, сокинони ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта муташаккилона ба участкаҳои овоздиҳӣ омада барои номзадҳои худ овоз доданд.
Дар ҳавзаи мазкур ҳудуди ду маҳаллаи шаҳр,- маҳаллаҳои «Суғдиён» ва «Сирдарё» ҷойгир буда шумораи интихобкунандагон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд № 1 «Сирдарё» 15 ҳазору 304 нафарро ташкил медиҳад.

Назар ба маълумоти раиси Ҳавзаи интихоботии мазкур Назирҷон Азизов дар ин интихоботи миёндаврӣ аз шумораи умумии интихобкунандагони дар рӯйхат буда 88,3 % шаҳрвандон ширкат намуда ба тарафдории номзад Салима Каримова 72% интихобкунандагон овоз доданд.
Ҳамин тариқ ҳунарманд, соҳибкори инфиродӣ Салима Каримова аз ҳавзаи интихоботии №1 «Сирдарё» вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихобб гардид.