20 Июнь 2016
Недоступен ни однин перевод.

Сипас доир ба навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ номзади илмҳои филология, дотсенти ДДҲБСТ Исломҷон Раҳимов баромад карда , ҳозиринро бо тозатарин китобҳои интишоршуда ошнокард.
“Донишномаи Рӯдакӣ“ ва присипҳои таълифи донишномаҳо. Чунин унвон дошт маърӯзаи узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Мирзо Муллоаҳмад.Ин олими номвар оид ба натиҷаи корҳо дар мавриди таҳияи “Донишномаи Рӯдакӣ”маълумот дода, пешниҳод намуд бахшида бо 700 солагии Камоли Хуҷандӣ “Донишнома (энсиклопедия) - и Камоли Хуҷандӣ тартиб дода шавад. Ӯ изҳори боварӣ кард,ки нерӯи зеҳнӣ ва потенсиали илмии олимони вилоят барои дар сатҳи баланди илмӣ таҳия ёфтани ин китоб мерасад.. Дар ситоиши Ваҳдати Миллӣ адибони ваҳдатсаро Гулноз ва Адиба шеърҳои тозаэҷодашонро қироат намуданд ва аз номи аҳли адаб ҳозиринро бо иди Ваҳдат табрик намуданд.
Номзади илмҳои филология, дотсент, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Муртазо Зайниддинов дар мавзӯи“ Нигоҳе ба равобити адабиёти халқҳои тоҷику тотор” оид ба таърихи дуру дарози робитаи ин ду миллат маърӯза намуд.Ӯ қайд кард, ки дар адабиёти тотор махсусан осори шайх Саъдӣ мақоми хоса дорад.
Дар бахши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ номзади илмҳои таърих , дотсент Исомаддинов Ҷӯрабек дар мавзӯи“ Нақшу нигори миллӣ дар қолинҳои Қайроқум баромад карда оид ба таърихи ин ҳунари миллӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод кард..Аз ҷумла ӯ зикр кард, ки нақшу нигори миллии тоҷикон аксаран дар шакли рамзҳо ифода мегарданд. Рамзҳо аз оғози ҷаҳонфаҳмии одамон пайдо шудаанд ва инъкосгари таърихи инсоният ба шумор мераванд. Омӯзиши рамзҳои парастишӣ имконият медиҳад, ки дар бораи ташаккул ва рушди олами маънавии ҷамъияти инсонӣ маълумот дошта бошем. Дар санъати амалии тоҷикон нақшу нигор ҳамчун қисми ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти миллӣ мавқеъи муҳим дорад.
Маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ҳар дафъа дар нишастҳояш истеъдодҳои навро муаррифӣ мекунад. Навиди шодибахш ин даъфа ба назм рӯй овардани номзади илмҳои филология устод Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода буд, ки бо қироати шеърҳои навашон ҳозиринро хурсанд намуданд ва аз сарояндаи ҷавон Самеъҷон Миршарифов дар мати ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода сурудҳои дилнишин садо дод. Дар поёни маҳфил ба маърӯзакунандагон ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ китоби пуразиши Давлатшоҳи Самарқандӣ “Тазкиратушшуаро” супорида шуд.
Заррина Каримова магистранти
ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров
Неъмати Оташ
Ваҳдати дилҳо
Биё, ки то ба абадмеҳрубони ҳам бошем,
Ба сад фараҳ ба ҳам оему ҷони ҳам бошем.
Биё, ки нури муҳаббат ба рӯи ҳам пошем,
Чароғи отифаи ошёни ҳам бошем.
Дар ин фазои саодат, ки пур зи меҳр бувад,
Шукӯҳи ҷилваи рангинкамони ҳам бошем.
Биё ба Балху Бухоро дигар ҷудо нашавем,
Чу ориёнӣ фари ориёни ҳам бошем.
Ҳазор гул ба гулистон шукӯҳ мебахшад,
Биё, ки атри гули гулситони ҳам бошем.
Биё, ки ҳурмати ин халқро ба ҷо орем,
Барои хидмати ӯ ҷонфишони ҳам бошем.
Биё зи ваҳдати дилҳост ин ҷаҳон обод,
Расули сулҳу сафо дар ҷаҳони ҳам бошем.