04 Июнь 2016
Недоступен ни однин перевод.

Ҳозиринро бо иди касбиашон аз номи МИҲД шаҳр муовини якуми Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло муборакбод гуфт. Вай ба самъи иштирокдорони ҷамъомад номаи муборакбодии Раиси шаҳр Шариф Шарифзодаро ба муносибати фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани диёрамон, таъмини беҳбуди рӯзгори мардум ва болида сохтани руҳияи онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад. Маҳз ба шарофати хизматҳои назарраси кормандони соҳа шаҳри азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад».

Намояндагони соҳа барои чунин қадршиносӣ ба роҳбарияти МИҲД шаҳр арзи сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ вазифаи хизматиашонро софдилона иҷро намуда, ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол хоҳанд гирифт.