01 Июн 2016
Ба самъи кӯдакону мураббиягон номаи табрикотии Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба муносибатит Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД шаҳр Камолҷон Комилов расонида изҳор дошт, ки ғамхорӣ ва дастгирии кӯдакон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ин сиёсати дар қаламрави вилояту шаҳр собитқадамон татбиқ мешавад. Ба тифлакон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дастурхони пурнозу неъмати идонаи МИҲД-и шаҳр ва шахсони хайрхоҳ, суруду таронаҳои дилангез ба иди кӯдакон шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.