22 Май 2016
Бино ба иттилои раиси участкаи мазкур Маҳмудҷон Абдурашидов дар ин участка 2805 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки 58 нафари онҳо бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок доранд. Ҳоло теъдоди зиёди сокинон вориди участка гардида истодаанд ва тавре ба назар мерасад, сокинон барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ хело фаъол ҳастанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки овоздиҳӣ, мувофиқи қонунгузории кишвар соати 6-и субҳ шурӯъ гардид ва участкаҳои раъйпурсӣ дар қаламрави Тоҷикистон соати 20-и шом баста мешаванд.