22 Май 2016
Ба иттилои раиси участкаи мазкур Орифҷон Умаров барои баргузории раъйпурсӣ тамоми шароит мавҷуд буда, сокинон бо рӯҳияи баланд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда истодаанд. То ба ҳол - соати 9-51 дақиқаи маҳаллӣ беш аз 400 нафар сокинон дар ин участка раъй додаанд ва ташрифи шаҳрвандон барои иштирок дар раъйпурсӣ идома дорад. Дар участкаи мазкур 2769 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд.