21 Май 2016
Каримов Толиб Бобоевич санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.
Соҳиби маълумоти олӣ буда, соли 1994 Донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандиси мошинаҳои дӯзандагӣ хатм намудааст.
Толиб Каримов фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 аз шогирди устои шӯъбаи асосии механикии фабрикаи дӯзандагии ба номи Н.К.Крупская оғоз намудааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Қӯшунҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Пас аз хизмат фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамон фабрикаи дӯзандагии ба номи Н.К.Крупская давом дода, соли 1989 ба вазифаи ҷонишини озоди кумитаи комсомолии фабрикаи дӯзандагӣ тайин гардид. Баъдан фаъолияти меҳнатиашро дар корхонаи кооперативии “Бинокор” давом дод. Соли 1991 бо даъвати роҳбарияти фабрикаи дӯзандагӣ тариқи гузариш ба ҳайси муҳандис фаъолит бурд. Аз соли 1994 то 2000 дар хадамоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал дар вазифаи нозирӣ, баъдан чун нозири калон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2000-2002 дар ширкати “Кабир” ба ҳайси мудири мағоза фаъолит бурд. Баъдан ӯ аз соли 2002 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба фазифаи мудири шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Дар солҳои минбаъда Толиб Каримов инчунин дар вазифаҳои мудири Бахши назорат, сардори Раёсати ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва назорати дастгоҳи Раиси иҷрои вазифа намудааст. Аз соли 2009 дар вазифаи мудири Шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон фаъолият бурдааст. Толиб Каримов дорои рутбаи тахассуси мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2 аст. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 18 майи соли 2016 раиси дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таин гардид.
Оиладор соҳиби чаҳор фарзанд аст.