18 Май 2016
Силсилаи чорабиниҳои мухталиф дар асоси нақша чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд идома дорад. Имрӯз роҳбарияту кормандони Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба хонаи 10 нафар ҷавонони ниёзманди шаҳри Хуҷанд,- Улфатой Норматова,Мавзуна Содиқова, Умедҷон Бобоҷонов, Гулҷаҳон Ҳакимова ва чанде дигаронро аёдат намуда, онҳоро бо таҷлили рӯзҳои ҷавонӣ табрик намуданд. Дар баробари ин ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ иборат аз маводи ғизо расонда шуд.