18 Май 2016
Бо мақсади шиносоии ҷавонону наврасон бо асосҳои иқтисод, молия ва тиҷорат, ҳамчунин ташаккули малакаи пешвоии ҷавонону наврасони аз 16 то 30 сола дар самти идоракунии молиявӣ, аз ҷониби яке аз ташкилотҳои бонуфуси молиявии кишвар ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» марҳилаи дуюми лоиҳаи «Баланд бардоштани имконоти иқтисодӣ ва молиявии ҷавонон дар шароити иқтисоди бозорӣ" оғоз мегардад.
Дар ин марҳила баргузории семинарҳои омӯзишии тахассусӣ барои омода намудани тренер-коромуз аз ҳисоби ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби касбу кори гуногун ва ё донишҷӯянд пешбинӣ гаштааст. Бештари ҳайати иштирокдорони ин семинар аз ҳисоби ҷавонону наврасони фаъоли шаҳри Хуҷанд, ки дар марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур фаъол буданд, иборат хоҳад буд. Ин семинарҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе доир гашта, ба иштирокдорон мутахассисони беҳтарини соҳаи идоракунии молия ва рушди соҳибкорӣ таълим медиҳанд.
Пешбинӣ мегардад, ки ин гурӯҳи мақсаднок минбаъд маълумоту донишҳои гирифтаи худро байни ҳамсолони худ паҳн намуда, барои иттилоотнокии молиявии онҳо мусоидат хоҳанд кард.
Лозим ба ёдоварист, ки марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур, баргузории семинарҳои омӯзиширо бо фарогирии 348 нафар донишҷӯён аз 11 муассисаҳои таълимии олии кишвар дар бар гирифта, беҳтарин иштирокчиёни ин семинарҳо моҳи августи соли гузашта дар «Форуми иқтисодӣ»-и ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар шаҳри Гулистон ширкат намуданд.
Семинари нахустин дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 маи соли равон дар Кохи матбуот баргузор мегардад.