14 Май 2016
Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» ва Аксияи ҷавонон таҳти унвони «Парчами миллӣ–ифтихори ман аст» баргузор гардид. Ин чорабинӣ тибқи нақша–чорабиниҳои якчояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боҳи Камоли Хуҷандӣ доир гашт. Чорабинии мазкур таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» барпо гашта мақсади онро созмондиҳандагон барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва тарғиби ҳаёти солим арзёбӣ менамоянд. Дар ин мусобиқаи зеҳнӣ сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суҳд, генерал-майёри милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, муовини аввали сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суҳд полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур ва мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат намуданд. Ин мусобиқаи бештар аз 3000 нафар дӯстдорону тамошобинони ин намуди мусобиқаро ҷамъ намуда он ба як чорабинии пуршукӯҳи ҷавонон табдил ёфт Барои ба даст овардани ғолибият зиеда аз 260 нафар шоҳмотбозон ва 82 нафар шашкабозонро ба ҳам овард.