14 Май 2016
Мулоқоти навбатӣ дар маҳаллаи баноми Слдирхон Ҳофиз бо бошандагони ин маҳалла баргузор гардид.
Шарифзода Шариф Файз дар қисмати ифтитоҳии вохӯрӣ доири мақсади ворид намудани тағироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бандҳои ин тағиру иловаҳоро шарҳ дода зикр намуд, ки баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ баҳри такмили санади асосии ҳуқуқии кишвар равона гардида, аз ширкаткунандагони ин мулоқот даъват намуд, ки дар рӯзи райпурсӣ фаъолона ширкат намоянд. Шарифзода Шариф Файз ёдовар шуд, ки дар мулоқоти санаи 24 декабри соли 2013 бо сокинони маҳалла баргузор гашта, 17 дархосту таклифи сокинон ба қайд гирифта шуда буд,ки аз он 16 масъала ҳалли худро ёфтааст. Дар маҳалла 1304 оила буда, дар ҳудуди маҳалла ҳамчунин 2 мактаб ваяк боғча мавҷуд аст.
Дар ин замина Раиси шаҳр ҳамчунин таъкид намуд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии шаҳру ноҳия маҳалла ва оилаи беҳтарин бошандагони ин маҳалла низ иштирок намуда, барои ободии маҳалли худ саҳм мегузоранд.
Баъдан сокинони маҳалла доири масъалаи таъмири хатти оби нӯшокӣ ва ташноб, таъмини ҳаракати бехтари пиёдагардон, мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр, ташкили маҳфилҳои маърифатӣ барои ҷавонон ва ғайра ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.