29 Май 2013
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир шуд. Он таҳти унвони «Субҳи зиндагӣ» ҷараён гирифта, барои табрики омӯзгорону толибилмони ин боргоҳи маърифат меҳмонон аз мақомоти шаҳру вилоят ташриф оварданд.
Директори муассиса Сайёра Атамова аз кӯмаку дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону саховатмандон ба дастпарварони мактаб-интернат сухани меҳр ба забон оварда, арзи сипоси кормандону толибилмони муассисаро ба чунин инсонҳои некхоҳ изҳор дошт.
Сипас, толибилмон барномаи бадеии омоданамудаашро пешкаши ҳозирин карда, бо шеъру тарона ва рақсу сурудҳои ҷолиб хотири ҳозиринро болида гардонданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар мактаб-интернати мазкур 201 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 56 нафар омӯзгорону мураббиёни хушсалиқа сабақ меомӯзанд.
Чорабинии идона ва дастархони пурнозу неъмате, ки ба муносибати Иди кӯдакон густурда шуд, идораи сохтмони №7, Дастаи сайёри механиконидашудаи Суғд, ҶДММ «Евростройсервис», ҶДММ «Хуҷандсоз -1», ҶДММ «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд сарпарастӣ намуданд.
Кӯдакон аз таҷлили ид болидахотир шуданд.