25 Апрел 2016
Дар оғоз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣнамояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бобати аҳамияту ва нуктаҳои муҳими тағироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар сухан ронда таъкид намуд, ки санади асосии кишвар имрӯз бо назардошти рушду ташаккулёбии самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат, эҳтиёҷ ба такмилёбии меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳлилу омӯзиш ёфта барои ворид намудани тағироту иловаҳо ба райпурсии умумихалқӣ бароварда шудааст. Номбурда ҳамчунин таъсири мусбии ин тарғиротро ба санадҳои ҳуқуқии кишвар ва сифатан беҳтар гаштани иҷроиши онҳо изҳори назар намуд.
Дар назди ҳозирон инчунин раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар баромад намуда, изҳор дошт, ки баргузории ин чорабинии муҳими давлатӣ бояд тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ва сатҳи баланди ташкилӣ бояд баргузор гардад.
Ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б Ғафуров Анвар Мақсудов таъкид намуд, ки ин тағироту иловаҳо беш аз ҳама барои ҷавонони эҷодкору лаёқатманд имконияти боз ҳам бештари ишғоли вазифаҳои пурмасъулиятро хоҳад дод.
Баъди анҷоми ин мулоқот ҳайати корӣ аз сатҳи омодагии участкаҳои овоздиҳии № 17 ва № 6 шинос шуданд.
Участкаи овоздиҳии № 17 дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 ва участкаи овоздиҳии № 6 дар мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳр ҷойгир аст. Аъзоёни участка ҳуҷраҳои корӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва рӯйхати райдиҳандаҳоро омода намуда, дигар корҳои омодагиро идома дода истодаанд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо роҳбарони ин участка доири беҳтар намудани шароити корӣ ва низоми райдиҳӣ дастуру супоришҳо дод.
Барои муташаккилона баргузор намудани райпурсии умумихалқии ворид намудани тағироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ дар марҳилаи анҷомёбист. Дар шаҳри Хуҷанд ҳавзаи овоздиҳии № 26 «Хуҷанд» таъсис дода шуда, 64 участкаҳои райдиҳӣ омода карда шуданд.
Ҳоло дар маркази вилоят 102 ҳазору 811 нафар шаҳрвандони ҳуқуқи овоздошта ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2.504 нафар бори авал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат хоҳанд кард.