25 Апрел 2016
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ иштирок намуда, меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзодаро ба тамоми иштирокдорони бараф намудани садама ва пайвандони онҳо расонд.
Дар номаи меҳри Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бобати корнамоии фарзондони диёр аз ҷумла 120 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, ки барои бартараф намудани паёмадҳои садамаи атомӣ ширкат намуда, барои ҳифзи саломатии чандин нафарони осебдида ёрии амалии худро расондаанд. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд соли равон барои қадрдонии иштирокчиёни садамаи Неруғоҳи барқии атомии Чернобил ва кӯмакпулии яквақтаи оилаҳои бесаробонмондаи онҳо ҳафтуним ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ба 62 нафар иштирокчиён-бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи ин Неругоҳи барқии Чернобил тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорид.
Барои иштирокдорони ин ҳамоиши хотиравӣ барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.