06 Апрел 2016
Дар чорабинии намунавӣ ҳамаи сохторҳои марбут ба мудофиаи шаҳрвандон ширкат варзиданд. Ҳамчунин директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ва меҳмонон дар дарсҳои намунавии омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактаби №31 иштирок карда, оид ба қоидаҳои рафтори хонандагон дар иншоотҳои муҳофизатӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии он, таъминоти ниқоби зиддигазии бачагона, роҳҳои пешгирии офатҳои табиӣ, ёрии аввалиндараҷа ҳангоми офатҳои табииӣ, бехатарии зиддисӯхтор маълумоти кофӣ гирифтанд.
Баъдан бонги хатар зада шуд ва устодону хонандагон аз мактаб берун омада, директори мактаб аз ҳолати баамаломада, яъне заминларзаи эҳтимолӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сардори ситоди ҳолатои фавқулодда гузориш дод. Сипас намоиши амалҳои гуруҳҳои ғайринизомӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти тиб, сӯхторнишонӣ, кормандони милистсия таваҷҷуҳи бештари иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Баргузории машқҳои ҳарбӣ ва бозиҳои варзишӣ байни гуруҳҳо хеле хотирмон буд.
Дар ҷамъбасти Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ба иштирокчиёни фаъол, намояндагони сохторҳои ситоди ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти тиб, сӯхторнишонӣ, кормандони милистсия ва устодону хонандагон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.