10 Март 2016

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва тамоми кормандони расонаҳои иттилоотиро бо ин санаи неки касбӣ табрик намуда саҳми эҷодкорон ва журналистонро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим ва назаррас баҳогузорӣ намуд.
«Яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ изҳори назару андешаҳои бунёдкорона ва созанд тариқи ин минбари омма аст. Ҳангоми мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо журналистону зиёиён ва кормандони расонаҳои иттилоотӣ таъкид гардид,ки «Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад.» Ба андешаи ман фаъолияти тамоми журналистон ва аҳли эҷод бояд тибқи ин дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони ин чорабинӣ доири нақшаю дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни фархунда,- Наврӯзи ҷаҳонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ сӯҳбат намуд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба наздик 60 нафар журналистон ва кормандони воситаи ахбори омма тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Аз номи журналистон ва иштирокдорони ин чорабинии идона мухбири махсуси газетаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ барои таваҷҷӯҳу қадрдонӣ ба давлату ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.