01 Март 2016
Мактаби мазкур соли 1995 мавриди истифода қарор гирифта, давоми соли хониш бинобар набудани толори варзиш, дарси хонандагон ба таври мукаммал баргузор намегашт.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд сохтмончиён қаблан доири лоиҳаи бинои толори варзишии мактаб иттилоъ дода қайд намуданд, ки толори варзишӣ барои баргузории дарси тарбияи ҷисмонӣ, мусобиқаҳои варзишии мактабиён ва ҳуҷраҳои таълимии омӯзгорон ва утоқҳои либоскашии духтарона ва писарона ба назар гирифта шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳр буда, иҷрокунандаи он Идораи сохтмонии «Нерӯи Суғд» мебошад. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии№ 30 таъкид намуд,ки дар маҳаллаи мазкур бунёди Қасри фарҳанг бо кинотеатри замонавӣ пешбинӣ гаштааст. Омӯзгорони мактаб ба Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон иттилоъ доданд, ки барои гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва рӯзғордорӣ барои духтарон аз набудани синфхонаҳои махсуси таълимӣ танқисӣ мекашанд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба Идораи сохтмони асосии шаҳр супориш дод, ки сохтмони синфхонаҳои махсуси таълими меҳнатро ба нақша гирифта, то оғози мавсими соли нави хониш ба истифода диҳанд.
Лозим ба қайд аст, ки барои сохтмони толори варзиш аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд масрафи як миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гаштааст.
Дар мактаб бештар аз 300 нафар хонандагон,- асосан фарзандони сокинони маҳаллаи «Темурмалик» (собиқ микроноҳияи 3) таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 21 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Толори варзишӣ моҳи сентябри соли 2016 мавриди истифодаи муҳассилин қарор хоҳад гирифт.